ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”
Рӯзҳои корӣ:Тамос:E-mail:

ДШ-ҶМ аз 08:00 то 17:00Тел: (48) 703-53-04airport-kulyab@mail.ru

таърихи фурудгох

 

ТАЪРИХ ВА ДАСТОВАРДХОИ

ЧСК  «Фурудгохи байналмилалии Кўлоб».

 

                   То даврони Истиклолият фурудгохи Кўлоб хамчун фурудгохи махали истифода мешуд. Фурудгох аз соли 1977 арзи вучуд дорад. Фурудгох факат барои кабули тайёрахои хачмашон хурд то тайёраи ЯК-40 пешбини шуда буд. Дар даврони истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон аз навсозии фурудгох окоз шуд ва он соли 1995 ба истифода дода шуд. Дарозии хатти парвоз аз 2000м ба 3000м ва бари он аз 35м ба 45м расонида шуд. 30.12.1995с., аввалин тайёраи Ту – 154 ба фурудгохи Кўлоб фуруд омад, ки Сарнишини ин тайёра Мирзо Мастонгулов ва мусофири он Пешвои миллат-Асосгузори сулху вахдати милли Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон буд. Хамин тарик соли 1998 фурудгохи Кўлоб ба номи «Фурудгохи байналмилалии Кўлоб» мушарраф шуд. Дар ин сол хонаи кабули мехмонони оликадр сохта ба истифода дода шуд. Соли 2015, бинои мазкур таъмири пурра ва навсози карда шуд. «Фурудгохи байналмилалии Кўлоб» аз соли 2002 ба ичрои хатсайрхо ба шахрхои Федератсияи Руссия огоз намуд. Баробари пайдо шудани даромадхо рохбарияти фурудгох ба корхои таъмири, ободони ва созандаги шурўъ намуд. Соли 2008 ба паст намудани ду тарафи хати парвоз огоз намуд ва онро ба анчом расонид. Хати бархосту нишасти тайёрахо таъмири пурра карда шуд. Дар хозира таъмири пурраи чои исти тайёрахо рафта истодааст.

              Дар аввали огоз кардани кор шароитхои хизматрасони ба мусофирон ва тайёрахо дар сатхи паст карор дошт. Соли 2006 толори пеш азпарвози ва интизории мусофирон бо дастгирии Хукумати Чумхурии Точикистон аз нав сохта шуд.

              Соли 2010 6-адад техникахои хизматрасони ба мусофирон ва тайёрахо харидори карда шуд. Аз соли 2010 сар карда то хозира

5-адад трактори барфтозакуни;

1-адад дастгохи барфпартои;

1-адад автомашинаи сўхторхомўшкуни;

2-адад зинапояи худгард;

1-адад автомашинаи тозакунии кисмхои санитари;

1-адад автомашинаи пуркунии об;

1-адад автомашинаи коркарди тайёрахо мукобили яхкуни;

1-адад микроавтобус;

2-адад автомашинаи сабукрав – барои рохбалади ва пешбурди корхои орнитологи;

1-дастгоњи УВЗ;

1-адад автомашинаи УАЗ барои хадамоти аэродром;

1-адад автомашинаи АПА-140;

1-адад автобус барои кашонидани мусофирони тайёрахо;

1-адад автомашинаи Донгфен барои кашонидани партовхо;

1-адад автобус барои кашонидани мусофирон аз (ба) тайёрахо, аз хисоби маблагхои худи харидори карда шуд.

                Гайр аз ин барои хизматрасонии хуб ба мусофирон ошёнаи дуюми толори пешазпарвози барои 200 нафар соли 2014 сохта ба истифода дода шуд. Дар баробари ин рохбарияти фурудгох барои коргарони хаммаи шўъбахои корихои истирохат, чои хўрокхуриро таъмин намудааст.

               Кайд намудан лозим аст, ки хаммаи ин пешрави ва муваффакиятхо ба шарофати истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон ба даст оварда шудаанд.      


Видео

Ҳамкориҳо

ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”