ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”
Рӯзҳои корӣ:Тамос:E-mail:

ДШ-ҶМ аз 08:00 то 17:00Тел: (48) 703-53-04airport-kulyab@mail.ru

МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ КАФОЛАТИ РУШДИ УСТУВОР ВА СУБОТИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР.

 14.07.2026

              МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ  КАФОЛАТИ РУШДИ УСТУВОР ВА                                СУБОТИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР.

Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеа ва омили халалдоркунандаи рушди устувор, ба устувории иқтисодиёт, амнияти миллӣ, адолати иҷтимоӣ ва поквиҷдонии ҳар як сохтори давлатию ҷамъиятӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ мубориза ва муқовимати беамонро бо ин зуҳуроти номатлуб дар заминаи сиёсати стратегии худ қарор додааст. Роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” бо дарки амиқи ин масъулияти бузург ва бо мақсади иҷрои қатъии дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ, тамоми кӯшиш ва имкониятҳои худро барои таъмини шаффофияти комил, коҳиши омилҳои инсонӣ ва решакан кардани заминаҳои коррупсионӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ равона сохтааст.

Асоси низоми муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо иродаи қавӣ ва сиёсати адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Роҳбари давлат борҳо аз минбарҳои баланд таъкид намудаанд, ки коррупсия вабои ҷомеа ва монеаи асосии рушди иқтисоди миллист. Маҳз бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар кишвар заминаҳои мустаҳками қонунгузорӣ ва ниҳодӣ барои пешгирӣ ва коҳиш додани ин падидаи манфӣ шакл гирифтанд.

Аз ҷумла, таъсиси мақоми махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули қонунҳои мукаммал, фармонҳо ва тасдиқи стратегияҳои дарозмуддати давлатӣ нишони барҷастаи таваҷҷуҳи хоси Роҳбари давлат ба ин самти ҳаётан муҳим мебошад. Пешвои миллат бо таҳлилҳои амиқи худ ҳамеша роҳнамоӣ мекунанд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки амри виҷдонии ҳар як шаҳрванд, роҳбар ва корманди сохторҳои хоҷагидорӣ мебошад. Ин роҳнамоии созанда барои мо – роҳбарият ва аҳли заҳмати Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб – ҳамчун дастури асосии фаъолият ва сармашқи кору зиндагӣ хизмат мекунад.

ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” фаъолияти ҳамарӯзаи худро дар асоси «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ба роҳ мондааст. Барои сари вақт ва сифатнок амалӣ намудани банду талаботи ин ҳуҷҷатҳои такдирсоз, дар корхона Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ тасдиқ гардида, иҷрои он ба таври доимӣ назорат  карда мешавад.

Дар доираи иҷрои ин стратегия, роҳбарияти фурудгоҳ тартиби хизматрасониҳои авиатсиониро комилан таҳлил намуда, нуқтаҳо ва равандҳоеро, ки метавонанд боиси ба вуҷуд омадани хавфҳои коррупсионӣ шаванд, муайян кардааст. Бо ҷорӣ намудани назорати қатъӣ, автоматикунонии қисми зиёди равандҳои хизматрасонӣ ва тақсими дурусти ваколатҳо, заминаҳои пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳо ба ҳадди ақал расонида шуданд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки фазои тоқатнопазирӣ нисбат ба фасод дар тамоми сохторҳо ва хадамотҳои фурудгоҳ ҳукмфармо бошад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки яке аз воситаҳои самарабахши пешгирии ҷинояткорӣ ва коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуури шаҳрвандии кормандон мебошад. Бо назардошти ин, роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” ба таври мунтазам ва пайваста суҳбату вохӯриҳои мақсадноки маърифатиро доир менамояд. Ин чорабиниҳо на танҳо хусусияти ҳисоботӣ, балки хислати тарбиявӣ ва пешгирикунанда доранд.

Барои гузаронидани ин вохӯриҳо намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб, ҳуқуқшиносони варзида ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб карда мешаванд. Зимни нишастҳо омилҳо ва сабабҳои пайдоиши кирдорҳои коррупсионӣ, оқибатҳои ҳуқуқиву иҷтимоии онҳо ва роҳҳои асосии пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ба таври муфассал, бо овардани мисолҳои воқеӣ шарҳ дода мешаванд. Чунин муколамаҳои ошкоро масъулияти шаҳрвандӣ ва касбии ҳар як кормандро дучанд намуда, ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар вазъиятҳои мухталиф қарорҳои дуруст ва қонунӣ қабул кунанд.

Яке аз унсурҳои калидии шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар фаъолияти фурудгоҳ, ин фаъолияти мунтазам ва шабонарӯзии «Телефони боварӣ» мебошад.

Ҳар як ҳолат ба таври фаврӣ, холис ва мувофиқи қонунгузории ҷории кишвар мавриди санҷиш ва чораҷӯии қатъӣ қарор мегирад, ки ин омил пеши роҳи ҳар гуна қонуншиканиро мебандад.

Бо мақсади огоҳии саривақтии шаҳрвандон ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти кормандон, дар дохили тамоми толорҳои интизорӣ, хазинаҳои чиптафурӯшӣ, гузаргоҳҳои назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ, инчунин дар саҳни ҳавли ва атрофи бинои Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб намулавҳаҳо ва баннерҳои махсуси иттилоотӣ насб карда шудаанд.

Дар ин лавҳаҳо ҳуқуқ ва уҳдадориҳои қонунии мусофирон, номгӯи хизматрасониҳои ройгон ва пулакӣ бо нишон додани нархномаҳои расмӣ, рақамҳои телефонҳои боварии фурудгоҳ ва мақомоти прокуратураву мубориза бо коррупсия ба таври равшан ва бо се забон дарҷ ёфтаанд. Ин иқдом механизми коҳиш додани омили инсониро устувор намуда, ба мусофирон имкон медиҳад, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошанд ва зери фишори ягон корманди наҷоикунанда қарор нагиранд. Намулавҳаҳо ҳамчун як огоҳкунандаи доимӣ барои худи кормандон низ хизмат мекунанд, ки вазифаи худро поквиҷдонона иҷро намоянд.

Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб на танҳо як корхонаи нақлиётӣ, балки яке аз дарвозаҳои асосии ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Сатҳи хизматрасонӣ, фарҳанги муошират ва поквиҷдонии кормандони он бевосита нишондиҳандаи маданият, нуфуз ва сиёсати созандаи давлату ҳукумати кишвар дар чашми меҳмонони хориҷӣ мебошад.

Роҳбарияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” бо илҳом аз сиёсати оқилона ва роҳнамоиҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медорад, ки минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионии кишвар тамоми тадбирҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва техникӣ-технологиро меандешад. Мо амиқан боварӣ дорем, ки танҳо бо кӯшишҳои дастаҷамъона, назорати қатъии дохилию ҷамъиятӣ ва зиракиву масъулияти баланди ҳар як корманд метавонем пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро гирифта, ба рушди устувор ва шукуфоии соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистони азизамон саҳми арзишманд гузорем.

 


Ба рӯйхат


Видео

Ҳамкориҳо

ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”