ХИЗМАТРАСОНИҲО
![]() |
Хариди чипта |
![]() |
Фармоиши меҳмонхона |
![]() |
Фармоиши роҳбалад |
![]() |
Фармоиши Taxi |
![]() |
Хизматрасонии WIFI |
ШИОРИ МО !
ПАЁМИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОАЛӢ РАҲМОН!
Чанде қабл мо мардуми шарафманди Тоҷикистон дар руҳияи болидагӣ ва масъулияти баланд Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шунидем, ки ин ҳамоиш дар толори Парлумони Тоҷикистон, дар ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид. Боиси ифтихор ва руҳбаландии мо кормандони сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ мебошад, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як соли таърихӣ номиданд.
Дар зарфи зиёда аз 34 соли соҳибистиқлолӣ мардум дар паҳлуи давлат ва Роҳбари давлат буданд ва ин раванд имкон дод, ки мушкилоти асосии мардум, махсусан ҳадафҳои асосии стратегии давлату Ҳукумати мамлакат ҳалли дурусти худро ёфта, корҳои ободонию созандагӣ дар ин замина дар ҳама гӯшаҳои кишвар ҷараёни тоза касб карданд.
Дар ин росто аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ » эълон гардид, ки масъулияти ҳамагонро дар ин масъала дучанд намуда, бобати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани ин ҷашни бошукӯҳи таърихӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Барои мо боиси ифтихору сарфарозист, ки дар Паёми ба тозагӣ ироашудаи Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати азнавсозӣ ва ба шароити муосири хизматрасонӣ мутобиқ гардонидани фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешида шуда барои васеъ намудани фаъолияти фурудгоҳҳои дар боло зикргардида дастурҳои мушаххаст дода шуданд. Дастури Пешвои миллат мо кормандони соҳаи Авиатсияи гражданиро бозҳам водор месозад, ки ҷашнҳои дарпешистодаро бо дасту дили гарм истиқбол намуда саҳми худро дар рушду пешрафти Фурудгоҳ гузорем.
Масъалаи дигар ин эҳтиром, ҳифз ва тақвияти худшиносии худогоҳии тамоми мардуми Тоҷикистон маҳсуб меёфт, ки дар Паёми имсола Роҳбари давлат доир ба рушди бемайлони кишвар дар партави якдилию ҳамгироии тамоми ҷомеаи мадании мамлакат, аз он ёдовар шуданд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки маҳз якдилӣ якдигарфаҳмии тамоми мардуми кишвар пояҳои давлатдории миллиро тақвият дода, тавассути ба кор андохтани захираҳои мавҷуда иқтидори давлатдории миллӣ рӯз то рӯз мукаммал мегардад. Дар баробари ин ёдрас мешавем, ки роҳи пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими давлатдории навин, ҳифзи арзишҳои муҳими давлатдорӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар аз ҷониби аҳолӣ якдилона дастгирӣ меёбад ва ин роҳ барои пешрафту шукуфоии давлатамон барои кулли мардум роҳи афзалиятнок ва шоистаи дастгирист.
Махсусан ҳалли масъалаҳои марзӣ, ки тайи сад соли охир ҳалли дурусти худро наёфта буданд, яке аз руйдодҳои бузурги таърихӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, маҳз бо иродаи қавӣ, дипломатияи баланди сиёсӣ ва якдигарфаҳмии ҷонибҳо шартномаҳои байнимарзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар бо қабули Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ қабул гардид, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи давлатдории се кишвар заминаи боэътимод мегузорад.
Тавре маълум аст, Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори масъалаҳои об ва захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳон эътироф шудааст. Дар ин росто дар соли 2025 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар доираи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали
Муттаҳид дар кишвари мо доир гардид, ки нуфузу эътибор ва шинохти давлатдории моро дар масъалаҳои истифода ва ҳифзи обу захираҳои обӣ ва бо ин васила тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф дар арсаи ҷаҳонӣ ба маротиб баланд бардошт.
Дар маҷмӯъ дар соли 2025 ташаббусҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли масъалаҳои афзалиятнок ба хотири рушди босуботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва беҳбудии зиндагии сокинони сайёра аз зумраи ҷаҳду талошҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд, ки барои ояндаи башарият, беҳбудии сатҳу сифати зиндагии инсонҳо дар сайёра, шинохти миллати тоҷик ва дорои таърихи бою ғанӣ будани мардуми кӯҳанбунёдамон хизмат хоҳанд кард.
Нишондодҳои рушди иқтисодии мамлакат низ дар даҳ соли охир тибқи таҳлилҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоюли афзоишӣ дошта, вобаста ба татбиқи амалии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 давра ба давра дар мамлакат амалӣ мегарданд. Тибқи таҳлилҳо ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин муддат 3,4 баробар зиёд гардида, иқтидори истеҳсолии кишвар ҳар сол ба қадри 7,6 фоиз зиёд мешавад, ки дар шароити муосир нишондоди хеле хуб аст.
Дар ин росто қайд гардид, ки тибқи таҳлилҳо афзоиши табиии аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расидааст ва ҳар чӣ зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба манфиати кор буда, барои таъмини зиндагии арзандаи сокинон заминаи мусоид мегузорад.
Дар ин раванд, бо назардошти беҳбудӣ ёфтани шароити зиндагонӣ нишондиҳандаи дарозумрии сокинон низ дар қиёс ба солҳои гузашта беҳбудӣ ёфта, мутаносибан аз 70 ба 77 сол расидааст. Хотиррасон мешавем, ки кишвари мо аз нуқтаи назари боигарии табиӣ ва захираҳои табиӣ дар дунё назир надорад ва дар ин масир давлат ва Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои судманд ва лозимиро барои рушди кишвар, махсусан ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ -саноатикунонии босуръати кишвар мавриди амал қарор медиҳад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, дар 7 соли охир дар мамлакат беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд, ки саҳми онҳо дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва афзоиши даромади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар хеле назаррас аст.
Дар ин давра истеҳсоли маъдан аз 3 номгӯи соли 1991 ба 17 номгӯ дар соли 2025 расидааст, ки ин нишондод аз коркард истихроҷ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба соҳаи саноати кишвар дарак медиҳад.
Ҳамаи иқдомҳо ва ҷаҳду талошҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат ба хотири пешрафту шукуфоии Ватан ва рӯзгори босаодати мардуми Тоҷикистон нигаронида шуда, дар ин масир сол то сол гомҳои устувор гузошта мешаванд. Дар ин росто, иқдоми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ
Дар маҷмӯъ Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми паҳлӯҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии мамлакатро фарогир буд ва андешаҳо ва масъалагузориҳои ин шахсияти бузурги таърихию инсони барои хурду бузурги мамлакат азиз моро водор месозад, ки дар оянда аз тамоми имкониятҳои фарогиру мавҷуда самаранок истифода намуда, бобати таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолию якпорчагии мамлакат зери шиори ваҳдату якдилӣ содиқона ба давлату миллат хизмат намоем.
Нуралӣ Ҳомидзода – директори ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”
Видео