ХИЗМАТРАСОНИҲО
![]() |
Хариди чипта |
![]() |
Фармоиши меҳмонхона |
![]() |
Фармоиши роҳбалад |
![]() |
Фармоиши Taxi |
![]() |
Хизматрасонии WIFI |
ШИОРИ МО !
Бо камоли эҳтиром ва ифтихормандӣ ҳамаи Шумо ҳамдиёронро бо санаи сарнавиштсоз ва мубораку таърихии 28-умин солгарди рўзи Ваҳдати миллӣ, ки нишони сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ мебошад, самимона муборкабод намуда, ба Шумо саломативу саодатмандӣ, сарбаланиву шодкомӣ, некномиву пирўзиҳо ва рўзгори ободро таманно менамоем.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тақвими давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рамзи пирӯзии ақлу хирад бар ҷангу низоъ, пирӯзии ҳамраъйиву ҳамдилӣ бар парокандагӣ ва оғози марҳилаи нави ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад. Зеро маҳз Ваҳдати миллӣ халқи Тоҷикистони азизро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, барои пойдории давлат ва эҳёи умедҳои сурурбахш замина гузошт.
Қобили тазаккур аст, ки имсол аз он рӯйдоди сарнавиштсоз бисту ҳашт сол сипарӣ мешавад. Дар тӯли ин давра, аз самари сулҳу суботи пойдор, ҳамдиливу ҳамраъйии халқи азизи кишвар ва роҳбарии хирадмандонаву ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони азиз ба комёбиҳои назаррас дар арсаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид ва имрӯз ҳамчун як кишвари сулҳпарвару пешрав дар ҷаҳон шинохта мешавад.
Дар робита ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Аз баракати сулҳу оромӣ мо нақшаҳои худро доир ба пешрафти босуботи кишвар, ободониву созандагии Ватан ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ муайян ва муттаҳид намудем, ки имрӯз бо дастгирии самимона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқамон дар ҷодаи амалӣ гардонидани онҳо бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаем»
Бояд тазаккур дод, ки дар роҳи баҳамойии тарафҳо ва ба имзорасии ин созишномаи сарнавиштсоз фарзанди фарзонае муваффақ шуд, ки имрӯз тамоми мардуми тоҷик бо ифтихор ӯро ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф намудаву бо иродатмандӣ атрофи сиёсати хирадмандонаву инсонмеҳваронаашон баҳри ободии Ватани хеш муттаҳиданд. Ин абармарди дунёи сиёсат дар вазнинтарин ва душвортарин лаҳзаҳои таърихи кишвар — замоне ки давлат дар ҳоли парокандашавӣ ва миллат дар вартаи нобудӣ қарор дошт, масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифт ва мардумро аз вартаи ҳалокат наҷот дод.
Дар воқеъ, сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Пешвои миллат, ки дар маркази он эҳёи давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, посдошти арзишҳои миллӣ ва эҳтироми ҳамдигар қарор дорад, имкон фароҳам овард, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлоли демокративу ҳуқуқбунёд дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи устувор дошта бошад. Таъмини сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расман оғоз ёфт, ба давлати мо роҳи созандагӣ ва рушди устуворро бахшид.
Дар ин робита, бе ҳеҷ муболиға метавон гуфт, ки сулҳи тоҷикон падидаи нодир дар низоми муосири сиёсати ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, дар таърих ҳамчун таҷрибаи бемисли ба тавофуқ расидани ҷонибҳои даргир тавассути музокироти сиёсӣ сабт гардидааст. Аз ин рӯ, нақши Пешвои миллат дар ин раванди душвору печида на танҳо роҳбарӣ, балки раҳнамоӣ ва пуштибонии хирадмандонае буд, ки хоси шахсиятҳои таърихист!
Имрӯз мо – шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадорем, ки дастовардҳои сулҳу ваҳдатро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, Ватанро обод созем ва насли наврасро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, дӯстии халқҳо ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ тарбия намоем.
Маъмурияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб»
Видео