ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”
Рӯзҳои корӣ:Тамос:E-mail:

ДШ-ҶМ аз 08:00 то 17:00Тел: (48) 703-53-04airport-kulyab@mail.ru

25-май Рӯзи  ҷаҳонии футбол

 23.05.2025

Бахшида ба Рӯзи  ҷаҳонии футбол дар ҶСК «Фурудгохи байналмилалии Кўлоб» бозии рафиќона гузаронида шуд.

Дар Ҷамъияти сахомии кушодаи «Фурудгохи байналмилалии Кўлоб» санаи 20 майи соли чори бахшида ба Рӯзи  ҷаҳонии футбол, ки ҳамасола 25 май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, ҷамъомад баргузор карда шуд. Дар ҷамъомади мазкур бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол роҳбарият ва кормандони ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Кўлоб» ҷамъ омада, доир ба саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳонӣ шудани футбол, ҷойгоҳи ин навъи  варзиш дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву рафоқат  ва муттаҳидии ҷомеаи ҷаҳон директории генерали суханрони намуд.

Баъдан  дар майдони футболи фурудгоҳ байни кормандон бозии рафиќона баргузор карда шуд, ки бо шавќу раѓбат ба анҷом расид.

Бозии футбол  дар Тоҷикистон дар партави дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш густариш меёбад. Ин аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ ин навъи варзиш дар Тоҷикистон равнаќ ёфт.

Ёдовар мешавем, ки 7 майи соли  2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст. 25 майи соли 2024 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид кишварҳои аъзо нахустин бор Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд, ки он бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида буд.


Ба рӯйхат


Видео

Ҳамкориҳо

ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”