ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”
Рӯзҳои корӣ:Тамос:E-mail:

ДШ-ҶМ аз 08:00 то 17:00Тел: (48) 703-53-04airport-kulyab@mail.ru

Муќовимат бо коррупсия

 18.04.2025

Коррупсия ҳамчун зуҳуроти манфӣ дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳодисаи нав набуда, ин зуҳуроти номатлуб аз давраҳои хеле қадим арзи ҳастӣ дорад. Дар замонҳои қадим «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда ва зараррасонанда маънидод шуда, афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Дар замони муосир дар баробари хатарҳои мавҷуда ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа коррупсия низ ҳамчун яке аз зуҳуроти хавфнок ва харобиовар барои ҷомеа маҳсуб мешавад. Мавҷудият ва рушди омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа оқибат ба авҷи нобаробарии иҷтимоӣ оварда расонида, ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад.

Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия чанд ҳазорсоларо дар бар гирифта, имрӯз ҳам ҳамчун хатари ҷиддӣ ба яке аз масъалаҳои ташвишовар ва муаммои душвори замони муосир табдил гардидааст. Яке аз мафҳумҳои бештар маъмули коррупсияро Конгресси нуҳуми Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст, ки он чунин аст: «коррупсия – сӯистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мебошад».

Аз замони касби Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Чунончи, Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 таъкид доштанд: “Барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.”

Аз ҷониби дигар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста аз оқибатҳои харобиовари коррупсия ҳушдор дода, онро зуҳуроти номатлубе медонанд, ки ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Ба таъкиди Сарвари давлат: “Коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад».

Муқовимат ба коррупсия ба яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳо дар ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.

Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ташкилию ҳуқуқии мақомот ва амалисозии сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон батадриҷ мустаҳкам шуда, ҷиҳати гузоштани заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти муқовимат алайҳи он зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқии комил қабул гардидааст.

 Бо назардошти оқибатҳои ногувори ин зуҳуроти номатлуб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2013 Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ шуда, дар доираи он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян намуд. Дар асоси ин Стратегия бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд. Ва соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади дигари барномавӣ - Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021 -2025) тасдиқ карда шуд. Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегияи мазкур аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

Барои амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои болозикр дар давраи амали ин Стратегия чунин тадбирҳо бояд роҳандозӣ карда шаванд:

— муайян намудани роҳҳои муосири пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;

— баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина фароҳам овардани шароити тоқатнопазирии ҷомеа бо падидаи коррупсия;

— бо дарназардошти пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ мунтазам такмил додани қонунгузории зиддикоррупсионӣ;

— муайян намудани самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия;

— пешбинӣ кардани чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии коррупсия, инчунин муайян намудани иҷрокунандагон ва муҳлати он;

— муайян намудани тартиби назорати иҷрои чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ;

— тақвияти низоми ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия;

— муайян кардани шаклҳои баҳодиҳии вазъи коррупсия дар ҷумҳурӣ;

— баланд бардоштани самаранокии тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт;

— ташаккули мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандон барои ҳалли масъалаҳои коррупсия;

— муайян, ошкор ва кофтукови даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва мусодираи он, тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт;

— такмили низоми қонунгузории зиддикоррупсионӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ;

— татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсия дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маҳкум намудани зуҳуроти коррупсия ва ҳамчунин андешидани чораҳои ҳамаҷониба ҷиҳати рафъи он аз иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат дар самти муқовимат бо коррупсия дарак медиҳад. Дар шароити Тоҷикистон мубориза бо кирдорҳои коррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон карда шудааст. Албатта, мавҷудияти иродаи сиёсии муқовимат бо коррупсия заминаи муҳиме барои равона намудани тамоми нерӯ ва зарфиятҳо дар ин самт мебошад. Иродаи сиёсии сарвари кишвар дар самти муқовимат бо коррупсия метавонад муттаҳидсозандаи субъектҳои зиддикоррупсионӣ дар атрофи ҳадафи ягона поён бурдани сатҳи коррупсия дар Тоҷикистон гардад. Бо амалӣ намудани ин ирода ҷомеаи мо метавонад тадриҷан ба паст намудани сатҳи мушкилоти коррупсия мушарраф гардад.

Бо иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва мубориза бар зидди он тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Масалан, вақте ки шаҳрвандон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба қонун эҳтиром мегузоранд, ҳамаи амалҳои худро дар доираи расмияти қонунӣ ба роҳ мемонанд ва торафт доираи ҳаракатҳои коррупсионӣ маҳдуд мегардад.

Дар шароити имрӯзаи рушди Тоҷикистон муқовимат бо коррупсия як мақсади муҳим ва рӯзмарра мебошад. Пеш аз ҳама, ба мо зарур аст, то миёни аҳли ҷомеа ва хизматчиёни давлативу ҷамъиятӣ чунин фаҳмишеро тақвият бахшем, ки коррупсия зуҳуроти хафнок барои амнияти миллату давлати мо мебошад. Ба мо зарур аст, ки сиёсати ҳамаҷониба ва фарогири зиддикоррупсиониро ба роҳ монем ва сатҳи коррупсияро дар кишвар паст намоем. Дар ин маврид зарур мешуморем, ки ҳар як соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ дар мавриди эҳтимолиятҳои ҷой доштани унсурҳо ва омилҳои коррупсионӣ мавриди омӯзиш қарор бигирад ва чораҳои самараноки рафъи коррупсия дар ҳар як соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ андешида шавад.

Иқдомҳои амалинамудаи ҶСП “Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб” вобаста ба татбиқи Стратегияи мазкур имкон фароҳам меорад, ки дар ҳудуди фурудгоҳ бо ҷалби бештари масъулини соҳа ва роҳбарони шуъбаву бахшҳои алоҳида барои пешгирӣ кардани коррупсия ва ба вуҷуд овардани афкори оштинопазир алайҳи ин падидаи номатлуб роҳандозӣ карда шавад. Зимнан, натиҷаҳои асосии рафти татбиқи Стратегия дар фурудгоҳ ба беҳтар намудани вазъи пешгирии коррупсия, таъмини иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия ва ба вуҷуд овардани фазои оштинопазирӣ ба он, баланд бардоштани фарҳанги ахлоқӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон доир ба коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ мусоидат хоҳад намуд.

Табиист, ки пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлубу зиёновар, махсусан коррупсия заминаи асосии риоя гардидани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон маҳсуб ёфта, муқовимат ба он кори дастаҷамъонаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Дар баробари ин, суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва афкори оштинопазир нисбат ба коррупсия ҳифз карда шуда, баҳри боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чораҳои самаранок андешида шаванд. Расидан ба ин ҳадафҳо дар ҳолате муяссар мешавад, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба вуҷуд овардани фазои оштинопазирӣ ба коррупсия ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ҳар як фарди ҷомеа фаъолона иштирок намояд.

Айни замон, дар ҳудуди фурдгоҳ барои ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбати коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар байни ҳам кормандон ва ҳам мусоифрон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин самт аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд низ бояд бетараф набошад, зеро дар ин сурат мо метавонем порахӯрию ришваситониро дар мамлакат коҳиш диҳем.


Ба рӯйхат


Видео

Ҳамкориҳо

ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”