ХИЗМАТРАСОНИҲО
![]() |
Хариди чипта |
![]() |
Фармоиши меҳмонхона |
![]() |
Фармоиши роҳбалад |
![]() |
Фармоиши Taxi |
![]() |
Хизматрасонии WIFI |
ШИОРИ МО !
Наврӯзи Аҷам – Иди воқеан миллӣ ва аҷдодӣ, ба хонадони ҳаряки шумо Муборак бошад!
Шукр, ки Худованд мову Шуморо ба Наврӯзи нав расонид ва умед дорем, ки боз ба Наврӯзи дигар мерасонад! Ҳамаи мо медонем, ки барои миллати Тоҷик ва тамоми мардуми Орёӣ, Наврӯз оғози сол, баробаршавии шабу рӯз, ҷашни бедории табиат, ҷашни кишту кор аст, ки аз қадим миёни мардуми Машриқзамин арзёбӣ карда мешавад. Инак, соли 15-ум аст, ки дар аксари кишварҳои олам Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил мешавад. Наврӯз айёмест, ки таъсири хуршеди ҳаётбахш меафзояд, баҳор ҷойи зимистонро мегирад ва табиати хобида рӯй ба бедорӣ ниҳода, зеботар мегардад. Дар чунин лаҳзаҳои шукуфтанҳо баҳори фараҳбахшу Наврӯзи бостониро сидқан ба тамоми мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол шодбош мегӯем, бароятон саломативу хотири ҷамъ, хушбахтию дили беғам ва пеш аз ҳама фазои сулҳу оромӣ хоҳонем!
Бо эҳтиром маъмурияти ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”!
Видео