ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”
Рӯзҳои корӣ:Тамос:E-mail:

ДШ-ҶМ аз 08:00 то 17:00Тел: (48) 703-53-04airport-kulyab@mail.ru

8- МАРТ РЎЗИ МОДАРОН МУБОРАК!

 07.03.2025

Модарону хоҳарони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд.

Мо фарзандон, рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем. Ҷашни фархундаи модарону бонувон ҳамасола аз омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи Аҷам мужда мерасонад.

Дар ин айём табиат аз нав эҳё шуда, хурраму дилкаш мегардад. Ин рангорангии табиат ба ҳусни модарону бонувони мо зебоиву назокати бештар зам мекунад. Яъне фасли баҳор, ки ба табиати модарону хоҳарони мо созгор мебошад, сиришти зебоипарастии онҳоро таровати баҳорона мебахшад. Иффату маърифат ва сабру таҳаммул ҳамчун сифатҳои беҳтарини миллӣ мақому манзалати занону бонувони моро дар ҷомеа баланд бардошта, онҳоро азизи ҳар як оила ва қуввати дили аҳли хонавода гардонидаанд.

Зан - Модар бо сад мушкилӣ, вале бо нияти неку умеди зиёд инсонро ба дунё меорад, ӯро тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.

Дар яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки "Дар Тоҷикистони азизи мо хурду бузург заҳмату фидокориҳои модарону бонувонро қадр мекунанд. Зеро бонувони мо имрӯз бо нангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон фаъолият доранд”. Суханони сарвари давлатро тасдиқ намуда бо боварӣ иброз медорам, ки  дар кору фаъолияти имрӯзаи “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” занону духтарон дар паҳлуи мардон рисолати асосии худ яъне дар сатҳи баланд хизматрасонӣ ба мусофирон, тозаву озода нигоҳ доштани атрофи фурудгоҳ, саривақт расонидани хизмати тиббӣ, таъмини бехатарӣ ҳангоми истиқбол ва гусели мусофирон ва дигар фаъолиятҳои шабонарӯзии фурудгоҳ саҳми арзанда доранд.

Ҳукумати мамлакат барои мунтазам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону бонувон ва дастгирии ин табақаи бонуфузи ҷомеа ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Мо минбаъд низ ба занону бонувон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа такя мекунем ва барои ҳалли мушкилоти ин табақаи бонуфузи иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонем.

Тавре ки Аллома Иқбол мегӯяд: “Зан чароғи пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст”.

Мо ба ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилотчигӣ ва маҳорату кордонии модарону бонувони азизамон таҳсин хонда, бовар дорем, ки онҳо дар оянда низ дар рушду ободии фурудгоҳ нақши шоистаи худро мегузоранд.

Дар охир, бори дигар ҳамаи шумо, модарони мӯнису ғамхор, бонувони хушбахту сарбаланд ва духтарони боғайрату ватандӯстро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, умри дарози бобаракат, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва иқболи нек орзу менамоям.

Дар баҳорон иди модар мешавад,
Дидаву дилҳо мунаввар мешавад.
Ҳусни нотакрори фасли навбаҳор,
Бо нигоҳи зан баробар мешавад.
Аз фурӯғи чашми модарҳои мо,
Тоҷикистон ҳамчу ахтар мешавад.
Аз ҳамин модар ба дунё раҳнамо,
Бас бузургони диловар мешавад.
Баҳри фарзанд олами бахти баланд,
Бо дуои дасти модар мешавад.
Дар раҳи тасвири ҳусни модарон,
Ҷумла фарзандаш суханвар мешавад.

Рӯзи модар муборак, модарону бонувони азиз!

 


Ба рӯйхат


Видео

Ҳамкориҳо

ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”