ХИЗМАТРАСОНИҲО
![]() |
Хариди чипта |
![]() |
Фармоиши меҳмонхона |
![]() |
Фармоиши роҳбалад |
![]() |
Фармоиши Taxi |
![]() |
Хизматрасонии WIFI |
ШИОРИ МО !
28 декабри соли 2024 дар Бинои нави Парлумони Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» доир гардид.
Дар он раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шурои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони якчанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намудаанд.
Самтҳои афзалиятнок дар паём:
Пешвои миллат зикр намуданд, ки маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар панҷ соли охир ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Аз 1 сентябри соли 2025, музди меҳнат, нафаќа ва стипендияњои донишљўён тибқи супориши Президент ба андозаҳои муаяйншуда зиёд хоҳанд шуд. Ин тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат менамоянд.
Ҳукумати кишвар ба рушди маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддатро татбиқ мекунад. Аз ҷумла, Пешвои миллат ба ислоҳоти соҳа, рақамикунонии таълим ва тарбияи ватандӯстонаи насли наврас таъкид намуданд.
Бо мақсади рушди инноватсия ва рақамикунонии иқтисодиёт, солҳои 2025–2030 ҳамчун "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" эълон гардид. Ҳамзамон, таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар шаҳри Кӯлоб тасдиқ шуд.
Дар паём иброз гардид, ки то соли 2027 бо пурра ба истифода додани неругоҳи "Роғун" ва дигар неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар бартараф гардида, Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасад.
Бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, то 1 январи соли 2027 ба ҳама гуна санҷишҳо (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) моратория эълон карда шуд. Ин иқдом барои рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармоя муҳим арзёбӣ мегардад.
Хулоса, Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ва барномавӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, барои таҳкими рушди устувор ва амнияти миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар паём баён мешаванд, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳнамоии амалӣ мебошанд.
Видео