ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”
Рӯзҳои корӣ:Тамос:E-mail:

ДШ-ҶМ аз 08:00 то 17:00Тел: (48) 703-53-04airport-kulyab@mail.ru

ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ

 10.08.2024

ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ” 

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ба шумор рафта, давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳияву қабул намудааст.  

Зимни баргузории як ҳамоиш дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб” бо иштироки Зоирзода Саидқадам Раҳмонқул ёрдамчии калони Прокурори нақлёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солеҳзода Додоҷон Абдусами сардори шуъбаи умуми Прокуратураи нақлёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори фурудгоҳ Ҳамидзода Нуралӣ бо кормандони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” гумрук, милитсия, шуъбачаи назорати сарҳадӣ ва филиали тоҷикаэронавигатсия аз рӯи масъалаҳои вобаста ба эълон гардидани соли 2024-ум ҳамчун соли “Маърифати ҳуқуӣ” ба роҳ монда шуд.  

Таъкид гардид, ки иқдоми наҷиб, яъне соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидан ба дурнамои неки таҳкими низоми демократӣ, ҷомеаи адолатпарвару ҳуқуқмеҳвар ва қонунсолор мусоидат менамояд зеро ҷомеае, ки ба инсонҳои бомаърифат ва тарбиятдида такя мекунад, аз шикасти ирода ва таназзул эмин буда, ба пирӯзии сартосарӣ ноил мегардад.  

Дар ин нишаст ҳамзамон баромадкунандагон вобаста ба амалишавии Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Стратегияи муқовимат ба экстремизму тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва ходимони дин аз 9-марти соли маъруза карданд.  

Масъулини прокуратура нақлёти ҷумҳурӣ ва ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” оид ба масъалаҳои болозикр фикру андешаҳои худро баён намуда аз кормандони фурудгоҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза бо тероризму экстремизм устуворона мубориза бурда баҳри пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ фаъол бошанд.  

Зимнан таъкид шуд, ки имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим гардида таҳким меёбанд ва мавҷудияти базаи мустаҳками қонунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои мамлакатро таъмин намуда, ба омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳо мегузоранд.  

Таъкид карда шуд, ки ҳоло дар мамлакат барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ шуда истодааст. Барномаи мазкур дар шароити кунунӣ бағоят муҳим буда, зарур аст, ки муқаррароти он ва дар ин замина муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии мамлакат аз ҷониби масъулини мақомоти дахлдори давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам тарғибу ташвиқ шаванд, то ба ин васила маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат боло равад.  

Дар фарҷоми ҳамоиш вобаста ба масъалаҳои болозикр миёни маърузачиён ва иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки ҳозирин боистифода аз иштироки мутахассисони соҳа ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.


Ба рӯйхат


Видео

Ҳамкориҳо

ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”