ХИЗМАТРАСОНИҲО
Хариди чипта |
Фармоиши меҳмонхона |
Фармоиши роҳбалад |
Фармоиши Taxi |
Хизматрасонии WIFI |
ШИОРИ МО !
Табрикоти директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб”, муҳтарам Ҳомидов Нуралӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ.
Рӯзи Вахдати миллӣ муборак!
Ҳамватанони азиз!
Шуморо ба рӯзи Ваҳдати Миллӣ муборакбод мегӯем!
27 июни соли 1997 ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи рахшони Тоҷикистон аст. Аз самими қалб ба Шумо татбиқи нақшаҳои минбаъдаатон, саломатии қавӣ, дар ҳамаи ҷодаи фаъолият корҳои пурсамар баҳри рушди Ватани азизамон таманно дорем.
Албатта дар ин рӯз аз ҷасорату мардонагӣ ва қавииродагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар мешавем, ки маҳз туфайли талошҳои сулҳпарваронаи ин марди хирад мардуми тоҷик ба чунин рӯзҳои нек расидааст.
Бо ин ҳама орзуву ниятҳои нек бори дигар Ҷашни Ваҳдати Миллӣ мубораку фархунда бодо ҳамватанони гиромӣ!
РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БАРОИ ТАМОМИ ҲАМВАТАНОН МУБОРАК БОД!
————-———————————-—————
Видео