Дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушода “Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб” тарбиятгирандагони “Мактаб-Интернати Ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб” ва ҳамзамон ба “Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб” кумакҳои яквақтаина иборат аз маводи хурокворӣ ва дигар ашёҳои лозима расонида шуд. Иқдоми мазкур дар арафаи ҳар як иду ҷашнҳои давлатӣ ва суннатӣ ба афроди мазкур бо иштироки бевоситаи роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушода “Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб” расонида шуда иловатан баҳри онҳо дастурхони идона ороста мешавад