ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”
Рӯзҳои корӣ:Тамос:E-mail:

ДШ-ҶМ аз 08:00 то 17:00Тел: (48) 703-53-04airport-kulyab@mail.ru

Паёми Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

 19.01.2024

Бояд гуфт, ки дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти худ қарор медиҳанд.Тавре ба ҳамагон маълум гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд. Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад.


Ба рӯйхат


Видео

Ҳамкориҳо

ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”