ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”
Рӯзҳои корӣ:Тамос:E-mail:

ДШ-ҶМ аз 08:00 то 17:00Тел: (48) 703-53-04airport-kulyab@mail.ru

Ҳамватанони азиз! Раёсати фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Шуморо ба муносибати 6 ноябр рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамояд !

 06.11.2023

Ҳамватанони азиз! Раёсати фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Шуморо ба муносибати 6 ноябр рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамояд !

          Дар ин рӯзи муҳимму идона Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми хонаводаатон саломати, бахту саодат, зиндагии осуда, сарсабзиву хонаободиро таманно дорем!

       Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии кишвар пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ғоявию маънавии давлат ва роҳи интихобкардаи моро муайяну мушаххас намуда, сарчашмаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимоятгарӣ манфиатҳои ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

       Конститутсия инсон, ҳуқуқ, озодиҳои ӯ, ҳаёт, қадру номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро арзиши олӣ ва дахлнопазир эълон намудааст. Бахусус дар марҳилаҳои нахустини рушди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои миллати тоҷик қабул гардидани Конститутсия ин як руйдоди таърихӣ ва дастоварди бузурге маҳсуб меёбад.     

        Ин аст, ки ҳамасола, Рӯзи Конститутсияро мардуми шарифи Тоҷикистон бо фараҳу шодӣ ва дастовардҳои шоёни меҳнатӣ пешвоз мегиранд.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!


Ба рӯйхат


Видео

Ҳамкориҳо

ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”