Новости
Табрикоти Директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб” муҳтарам Нуралӣ Ҳомидзода бахшида ба “Наврӯзи байналмиллалӣ”
Ҳамватанони гиромӣ!
Ҳамаи мо медонем, ки барои миллати Тоҷик ва тамоми мардуми Орёӣ, Наврӯз оғози сол, баробаршавии шабу рӯз, ҷашни бедории табиат, ҷашни кишту кор аст, ки аз қадим миёни мардуми Машриқзамин ва инак, соли 14-ум аст, ки дар аксари кишварҳои олам ҳамчун Ҷашни байналмилалӣ таҷлил мешавад. Наврӯз айёмест, ки таъсири хуршеди ҳаётбахш меафзояд, баҳор ҷойи зимистонро мегирад ва табиати хобида рӯй ба бедорӣ ниҳода, зеботар мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки “Наврӯз на танҳо оғози кори мардуми деҳқон, балки шуруи ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави кишвар мебошад”.
Гуфтаҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор менамояд, ки роҳбарият ва дигар кормандони “Фурудгоҳи байнламиллаии Кӯлоб” ҷиҳати ободу зебо гардонидани атрофи Фурудгоҳ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани кору фаъолияти Фурудгоҳ саҳмгузор бошем. Созандагӣ марому мақсади давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти олии мамлакат маҳсуб меёбад ва омадани фасли Баҳор ва таҷили Наврӯзи байналмилалӣ ба ин ҳама корҳо такони ҷиддӣ мебахшад.
Вобаста ба суханҳои дар боло зикршуда мехоҳам иброз намоям, ки дар ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб низ аз Наврӯз то Наврӯз як зумра корҳои ободониву созандагӣ, беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ба мусофирон, дастрас намудани таҷҳизоти зарурӣ ба соҳаи авиатсия ва ободу зебо намудани атроф ва дохили фурудгоҳ ба анҷом расидаанд. Албатта, ки дар корҳои анҷомдодашуда саҳми ҳар як корманди фурудгоҳ назаррас буда Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бо изҳори боварӣ аз мо кормандон дар иҷрои вазифаҳои пурмаҳсули хеш бозҳам навгониву навовариҳоро тақозо менамоянд.
Боиси ифтихор аст, ки муҳимтарин суннату таомулҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо нақшаву ниятҳои нав оғоз намудани кору зиндагӣ, пок кардани қалбҳо аз кинаву кудурат, поксозии ҷиҳозу асбоби хонаву корхона, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон, шинонидани ниҳолҳо ва ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар ин шабу рӯзҳои ҷашн ба таври оммавӣ аз ҷониби роҳбарияти “Фурудгоҳ” ва тамоми кормандони ин даргоҳ дастгирӣ меёбад.
Дар ин росто мехостам иброз намоям, ки ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як корманди фурудгоҳ, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.
Дар фарҷоми сухан бори дигар дар симои Шумо ҳамкорону ҳамксбони гиромӣ, хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони ватандӯсту сарбаланди Ватани азизамон, инчунин, ҳамаи шумо–иштирокчиёни чорабинии имрӯзаро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз – Соли нави аҷдодии халқи куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар бахту иқболи баланд, файзу баракати наврӯзӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу оромӣ ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ орзу менамоям.
Хоҳони он ҳастам, ки Наврӯзи имсола низ барои мову шумо Наврӯзи шодирасон ва фатҳу нусратҳои бузургу созанда, дарҳои кушода барои парвозҳо ва қабули меҳмонон бошад.
Наврӯзатон муборак, ҳамкасбону меҳмонони гиромӣ!